Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио фурӯши сабзавот бо маводи радиоактивро манъ кард


Мақомоти Ҷопон тасмим гирифтанд, ки интиқоли маводи озуқаву сабзавот аз манотиқи наздик ба нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо”-ро манъ кунанд.

Дар ин бора Дабири кулли ҳукумати Ҷопон Юкио Эдано дар як нишасти хабарӣ дар Токио иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, "мутаассифона, ин вазъ назар ба интизороти мо тулонитар идома меёбад. Ва ба хотири ҷилавгирӣ аз расонидани осеб ба сиҳати одамон, мо фурӯши сабзавотеро, ки дар онҳо маводи радиоактив ошкор шудааст, манъ кардем".

Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ахиран иттилоъ дод, ки хурӯҷи радиатсия аз нерӯгоҳи “Фукушимо” идома дорад.

Муҳандисон фақат ба васли ноқили таъмини нерӯи барқ ба ҳамаи шаш бунгоҳи тақсими барқ муваффақ шуданд ва ин масъулинро барои эҳёи ҳарчӣ зудтари системи сардсозии реакторҳо умедвор сохт.
XS
SM
MD
LG