Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сурати убури Толибон ба хоки кишварҳои Осиёи Миёна, нерӯҳои НАТО онҳоро таъқиб хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манобеи низомӣ, дар ин замина миёни ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва нерӯҳои байналмилалӣ мустақар дар Афғонистон тавофуқе сурат гирифтааст.

ҲАМКОРИИ НАТО БО КИШВАРҲОИ МИНТАҚА

Дар ҳодисаи тирамоҳи порсол дар паи шиддатёбии амалиёти нирӯҳои эътилофӣ зидди Толибон дар шимоли Афғонистон, 20 ҷангӣ талош карданд аз вилояти Қундуз тавассути дарёи Панҷ вориди хоки Тоҷикистон шуда дар минтақаи марзии ин кишвар панаҳ баранд. Дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои вижаи амрикоӣ ин гурӯҳ ҳамроҳ бо як марзбони тоҷик кушта шуд.

Дар ин бора сомонаи интернетии Eurasianet.org бо такя ба гуфтаҳои подполковник Майкл Ловҳорн, раҳбари дафтари матбуоти фармондеҳии марказии нирӯҳои амрикоӣ хабар додааст.

Нирӯҳои вижаи ИМА дар ҳолатҳои ҷудогона иҷозаи анҷоми амалиёти зиддитеррористиро дар хоки кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон дорад. Ин мақоми амрикоӣ мегӯяд, “гаҳ-гоҳе мо амалиёти муштаракро бо ҳамтоёни худ дар Осиёи Марказӣ пиёда мекунем. Ҳама гуна ҳодисаи вуруди нирӯҳои вижаи амрикоӣ ба хоки ин кишварҳо танҳо бо иҷозаи он давлат сурат мегирад”.

Ин афсар мегӯяд, ки нирӯҳои вижа дар хоки Осиёи Марказӣ ҳузури доимӣ надоранд, вале барои анҷоми “рисолатҳои густардатар дар минтақа иҷоза гирифтаанд”.

ҲАМКОРИҲОИ ТАНГОТАНГ

Eurasianet.org менависад, ки чаҳорчӯби амалиёти нирӯҳои вижаи амрикоӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ августи соли 2009 аз ҷониби Фармондеҳии амалиёти вижаи амрикоӣ таҳия шуда, Гурӯҳи сеюми вижа масъули анҷоми ин рисолатҳо дар Осиёи Марказӣ таъйин шудааст. “Мақомот ба ин нирӯҳо иҷозаи тамрину мусаллаҳсозии артиши маҳаллӣ ва омодасозии онҳо барои ширкат дар амалиёти зиддитеррористии ҷориро фароҳам овардаанд”.

Eurasianet.org мегӯяд, ки ин нирӯҳо аз ҷониби вазорати дифои Амрико соли 2011 дар ҳаҷми 45 миллион доллар маблағгузорӣ шуданд.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, фаъолияти нирӯҳои вижаи ИМА, собиқаи тӯлонӣ дорад. Дар гузашта Амрико чунин таҷрибаро дар Ветнаму Камбоҷа низ доштааст. Брюс Панир, таҳлилгари радиои Озодӣ мегӯяд, ба фарқ аз имрӯз, дар гузашта амрикоиҳо на ҳамеша иҷозаи кишварҳоро барои анҷоми амалиётҳои низомӣ дар хоки онҳо дарёфт мекарданд.

Таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, ки хатари нигоҳдории махфигоҳҳои силоҳ, ғизо, маводи тиббӣ ва муҳимоти дигар дар тарафи муқобили марз аз ҷониби ҷангиён нирӯҳои амрикоиро водор мекунад, ки ба умқи ним то ду километри марз дарунтар ворид шуда, дар фикри нобуд кардани онҳо бошанд. “Ҳадафи аслии ингуна амалиёт ҳамин аст, ки нагузоранд ҷангиён дубора мусаллаҳ шуда ба дохили Афғонистон баргарданд”.

ТОҶИКИСТОН ВА НЕРӮҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳарчанд дар ин замина мақомоти расмии Тоҷикистон ошкор сӯҳбат намекунанд, вале эътироф мекунанд, ки дар сурати зарурӣ Душанбе барои кӯмак ба нирӯҳои байналмилалии эътилофӣ муроҷиат мекунанд. Дар як мусоҳиба бо хабарнигорон, ҳафтаи ҷорӣ Тӯрабек Назаров, намояндаи Тоҷикистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ишора ба як ҳодисаи боздошт ва таслими чанд зиндонии фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ гуфт: “Чӣ хеле, ки дида будед, як гурӯҳи хурдакаке, ки ба ҳудуди Афғонистон гузашта буданд, дар давоми чор соат онҳоро дастгир карда, ба Тоҷикистон равона карда буданд”.

Оқои Назаров гуфт, ки ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Афғонистон барои боздошти ин афрод аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя мусоидат кард. Ӯ дар ин сӯҳбат ишора кард, ки дар сурати бузургтар будани шумори ин афрод, шояд Тоҷикистон барои кӯмак ба нирӯҳои байналмилалии эътилофӣ муроҷиат мекард.

Таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти расмии Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар омода нестанд ошкоро эътироф кунанд, ки ба нирӯҳои вижаи амрикоӣ барои анҷоми кадом “амалиёти сареъ” дар хоки кишварашон иҷоза медиҳанд. Ба ин далел, ки ингуна амалҳо метавонад ба унвони мудохила дар умури ин кишварҳо ва ҳатто нодида гирифтани тамомияти арзии он арзёбӣ шавад. Зиёда аз ин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша аз Маскав нигарон ҳастанд, ки бо таваҷҷуҳи худ ба Ғарб, мавриди фишори Кремлин қарор нагиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG