Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ақалиятҳои шиа дар Арабистони Саудӣ


Бино ба гузоришҳо, полиси Саудӣ ба сӯи эътирозкунандагони ақалияти шиаҳои ин кишвар ба ҳаво оташ кушодааст, то онҳоро пароканда кунад. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузории Ройтерз ва Ассошиейтед Пресс гуфтаанд, ки онҳо садои тирандозиро шунидаанд. Дар шаҳраки Қатифи Саудӣ-воқеъ дар шарқи кишвар садҳо нафар аҳолии шиамазҳаб рӯзи панҷшанбе эътироз карданд. Сухангӯи вазорати дохилии Саудӣ гуфтааст, нируҳои полис замоне ба ҳаво тир кушодаанд, ки эътирозгарон ба корманди полис ҳамла кардаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин беназмиҳо 2 эътирозкунанда ва як корманди полис маҷрӯҳ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG