Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар ҳама манотиқи Тоҷикистон борон меборад


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад, ҳаво аз ду то чаҳор дараҷа мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳаво боронист, ҳарорати ҳаво то 8 дараҷа боло хоҳад рафт.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ борон мебарад, ҳаво то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, субҳ барф, зӯҳр борон ва шом боз барф меборад, ҳаво 7 дараҷа сард мешавад.

Имрӯз ҳам сардтарин минтақаҳои Тоҷикистон ноҳияи Мурғоб ва дашти Аличур боқӣ мемонанд – дар ин манотиқ бориши барф идома мекунад ва ҳаво 16-17 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG