Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гаага амалкардҳои Қаззофиро таҳқиқ мекунад


Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага ба таҳқиқи амалкардҳои Муаммар Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ шурӯъ мекунад, ки ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мешаванд. Луис Морено Окампо, додситони аршади додгоҳ гуфт, нерӯҳои Қаззофӣ, сар аз рӯзи 15 феврал ба тазоҳургарони осоишта дар шаҳрҳои гуногуни Либия ҳамла кардаанд:" Мо баъзе аз афродро мушаххас кардем, ки расман ва ё дар амал ба нерӯҳои амниятӣ, ки ба зоҳиран ҷиноятҳоро содир кардаанд, раҳбарӣ мекунанд. Онҳо Муаммар Қаззофӣ, атрофиёни наздикаш, аз ҷумла фарзандонаш мебошанд, ки дар амал фармонфармоӣ мекунанд." Бино ба гузоришҳо, то кунун дар тазоҳуротҳои Либия садҳо ва ё ҳазорон нафар кушта шудаанд ва имрӯз ҳам нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шаҳри Брега дар шарқи кишварро аз сар гирифтанд. Ҳадафи ҳамла фурудгоҳ ва таъсисоти нафтӣ дар шаҳри бандарии Брега ва шаҳри дигари наздик ба он Аҷдабия будааст. Айни замон интиқоли ҳазорон нафар аз мардуми бандмонда дар марзи Либия бо Тунис шурӯъ шудааст ва онҳоро барои бозгашт ба хонаҳояшон ба як фурудгоҳ ва бандар мебаранд. Аксари онҳо коргарони мисрӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG