Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои нишони олии Русия ба Михаил Горбачёв


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз Михаил Горбачёв, охирин раҳбари давлати Шӯравиро дар рӯзи 80-солагиаш бо нишони олитарини ин кишвар – ордени Андрей Первозванний қадрдонӣ кард. Медведев ин нишонро “аломати эҳтироми давлат” ба фаъолиятҳои Горбачёв номид.
Горбачёв ба маҳзи нақшаш дар пешбурди ислоҳоте, ки ба фурӯпошии коммунизм мунҷар шуд, дар Ғарб тақдир мешавад, вале дар Шӯравии собиқ ӯро масъули фурӯпошии Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ва бурузи буҳрони иқтисодӣ медонанд.
Горбачёв дар ин авохир аз ҳокимони кунунии Русия ба тундӣ интиқод карда, мегӯяд, демократия дар Русияи кунунӣ танҳо дар зоҳир ба назар мерасад. Ӯ Медведев ва сарвазир Владимир Путинро ба ҳамла алайҳи озодиҳо ва ҳуқуқи мардум айбдор мекунад ва гуфтааст, агар ӯ ба ҷои Путин мебуд, ба интихоботи соли 2012 намерафт.
XS
SM
MD
LG