Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми умрбоди як бритониёӣ дар Ироқ


Додгоҳи Ироқ як муҳофизи бритониёиро бо ҷурми қатли ду ходими амниятӣ, ки якеаш низ аз Бритониё ва дуввумӣ аз Австралия буд – ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Гуфта мешавад, Даннӣ Фитсаймонси 30-сола нахустин табааи Ғарб аст, ки баъди ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ маҳкум шудааст.
Фитсаймонс, сарбози собиқи Бритониё, исрор меварзад, ки дар моҳи августи соли 2009 дар як муноқишаи мастомаст дар минтақаи сабзи Бағдод ба хотири дифоъ аз худ тир кушодааст.
XS
SM
MD
LG