Пайвандҳои дастрасӣ

Қаззофӣ аз ҳаққи масунияти дипломатӣ маҳрум шуд


Як рӯз баъд аз эъмоли таҳримоти байналмилалӣ алайҳи режими Либия, Бритониё имрӯз Муаммар Қаззофӣ ва хонаводаи ӯро аз ҳаққи масунияти дипломатӣ маҳрум кард. Рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, алайҳи Либия қатъномае содир кард, ки бар асоси он, дороиҳои Муаммар Қаззофӣ, хонавода ва атрофиёни ӯ масдуд шуда ва ин ашхос ба мамнӯъияти сафар ҳам рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Вилям Ҳейг, вазирии умури хориҷаи Бритониё имрӯз зимни мусоҳибаи телевизионӣ, аз Қаззофӣ хост истеъфо диҳад: "Мардуми Либия алайҳи полковник Қаззофӣ қиём кардаанд. Мо кишвареро мебинем, ки ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ меафтад. Бо куштани тазоҳургарон ҳукумат дар воқеъ алайҳи мардуми худ меҷангад ва албатта фурсати он расидааст, ки Қаззофӣ биравад. Ин беҳтарин роҳи умед барои Либия аст." Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳам аз Қаззофӣ хост, истеъфо диҳад ва айни замон Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал аз таҳримоти ин созмон алайҳи режими Либия истиқбол кард ва гуфт, ки ин таҳримот барои монеъ шудан ба ҷанги комили шаҳрвандӣ дар Либия зарур аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG