Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози хайрбодии Дисковерӣ ба кайҳон


Дисковерӣ, фазонаварди амрикоӣ, ки умраш ба поён мерасад, дар охирин парвозаш ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ васл шуд. Дисковерӣ, ҳомили абзорҳое аст, ки ба истгоҳи мазкур барои доимо насб мешаванд ва ҳам роботи одамшаклеро, ки дар кайҳон парвоз мекунад. Дар маҷмӯъ 12 кайҳоннавард аз чаҳор кишвари ҷаҳон, Амрико, Русия, Итолиё ва Ҷопон дар истгоҳи мазкур ҳузур доранд ва бори аввал дар таърих аст, ки киштиҳои кайҳонии чаҳор кишвар ҳам ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ васл шудаанд.
XS
SM
MD
LG