Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии се бомба дар ҳавлии ТВ "Имеди"


Полиси Гурҷистон мегӯяд, ки дар ҳавлии телевизиони хусусии “Имедӣ” дар Тифлис се бомбаи нотаркида ошкор шуд.

Вазорати умури дохила мегӯяд, ки ин маводи тарканда эҳтимолан аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткороне гузошта шудааст, ки ба узвияти он шаҳрвандони Гурҷистон ба раҳбарии як афсари низомии Русия шомил ҳастанд.

Аъзои ин гурӯҳ дар давоми се моҳи гузашта дар қаламрави Тифлис бо иттиҳоми ташкили силсилаи таркишҳо, ки боис ба кушта шудани як нафар шудааст, боздошт шуданд.

Шота Утиашвилӣ гуфт, ки бомбаҳо чанд моҳ пеш ҷо гузошта шуда, вале натаркидаанд ва маҳалли гузошта шудани онҳо баъди бозпурсии муттаҳамон ошкор шудааст.

Гурҷистон пайваста аз талошҳои Русия барои ба ҳам задани суботи ин кишвар шикоят мекунад. Августи соли 2008 нирӯҳои мусаллаҳи ду давлат дар хоки Осетияи Ҷанубӣ вориди задухӯрд шуданд.

Вазорати хориҷаи Русия дар гузашта гуфтааст, ки хабарҳо оиди ошкоршавии маводи мунфаҷира саҳнасозии мақомоти Тифлис аст.
XS
SM
MD
LG