Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Аҷмал Қассоб бетағйир боқӣ монд


Додгоҳи таҷдиди назари Ҳиндустон ҳукми эъдом дар баробари шаҳрванди Покистон Аҷмал Қассобро бетағйир гузошт. Аҷмал Қассоб ягона узви зиндамондаи гурӯҳи мусаллаҳест, ки моҳи ноябри соли 2008 ба бархе аз муассисаҳои шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ҳамла карда буд. Бар асари ин ҳамла беш аз 160 нафар кушта шуда буданд.

Моҳи майи соли гузашта додгоҳ Қассобро бо иттиҳоми куштору терроризм ва “таҳияи ҷанг алайҳи Ҳинудустон” ба марг маҳкум карда буд.

Маҳкумшуда метавонад аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи Олӣ шикоят барад ва ҳамчунин аз ҳукумати Ҳиндустон хостори афв шавад.

XS
SM
MD
LG