Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҷеӣ: Раҳпаймоӣ эрониёнро таҷзия хоҳад кард


Додситони кулли Эрон Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷеӣ гуфтааст, раҳпаймоие, ки раҳбарони мухолифини ин кишвар мехоҳанд ба нишони ҳимоят аз эътирозҳои зиддидавлатӣ дар ҷаҳони Араб барпо кунанд, иқдоми сиёсиест, ки эрониҳоро таҷзия хоҳад кард. Раҳбарони мухолифин Мирҳусайн Мӯсавӣ ва Меҳдӣ Каррубӣ аз мақомот барои баргузории намоиши якдилӣ бо эътирозгарони Тунису Мисрро дар рӯзи 14 феврал иҷозат хостаанд. Хабаргузории ИЛНО аз қавли Эҷеӣ навишт, ки агар Мӯсавиву Каррубӣ мехоҳанд аз эътирозҳои ҷаҳони Араб пуштибонӣ кунанд, ба раҳпаймоии рӯзи 11 феврал бипайванданд, ки ба хотири таҷлил аз солгарди навбатии инқилоби исломии соли 1979 доир хоҳад шуд.
Сарвазири собиқ Мӯсавӣ ва раиси собиқи парлумон Каррубӣ дар тобистони соли 2009 раҳбари эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон буданд, ки бузургтарин буҳрон дар таърихи Ҷумҳурии исломӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG