Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои боз як номаи маҳрамона дар бораи Тоҷикистон


Ҷулиан Ассанҷ, муассиси Викиликс, бо нусхае аз рӯзномаи "The Guardian"
Ҷулиан Ассанҷ, муассиси Викиликс, бо нусхае аз рӯзномаи "The Guardian"

Сомонаи Викиликс номаи дигари маҳрамонаеро, ки аз сафорати Амрико дар Душанбе ба Вашингтон рафтааст, нашр кард.

Ин нома ҷузъиёти дидори як дипломати амрикоӣ бо генерал Абдулло Назаров, муовини вақти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар поёни соли 2009-ро дар бар мегирад.

Тавилдара ва Мирзо Зиёев
Генерал Назаров гуфтааст, агарчӣ пайравони Ҷамоати таблиғ созмони худро мубаллиғӣ меноманд, вале дар ҳодисаҳои Тавилдара бархе аз аъзои ин гурӯҳ талош доштанд, то ба ҷангиён дар ин қаламрав бипайванданд...


Викиликс мегӯяд, генерал Назаров дар ин дидор ба ҷузъиёти амалиёти вижаи зидди афроди Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара пардохта, аз ҷумла гуфтааст, дар ин ҷо дар канори размандагони собиқи мухолифин зархаридони тотору чечену доғистонӣ ва ҳатто кореягӣ меҷангиданд.

Ба навиштаи ин сомона, ҷаноби Назаров ҳамчунин хабар додааст, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош 5 ҷангии дигарро ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара фиристод, вале онҳоро дар марзи Дарвоз боздошт карданд.

Ба иддаои генерали тоҷик, ин гурӯҳ қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ҳошияи сафорати Амрикоро дошт, то дар Душанбе муҳити тарсу воҳима эҷод шавад.

“Тоҷикистон Кашмири дуввум мешуд”

Бино бар ин номаи нашркардаи Викиликс, Абдулло Назаров аз афзоиши ифротгароёни исломӣ дар кишвар изҳори ташвиш карда, гуфтааст, ки аксари онҳо дар Покистон таълим мегиранд ва ба ҷомеаи Тоҷикистон хатар доранд.

Ин сомона мегӯяд, ҷаноби Назаров дар бораи пайравони "Ҷамоати таблиғ" ҳам сӯҳбат карда, гуфтааст, агарчӣ пайравони ин ҷамоат созмони худро мубаллиғӣ меноманд, вале дар ҳодисаҳои Тавилдара симои воқеии бархе аз аъзои ин гурӯҳ ошкор шуд. Чунки онҳо, ба гуфтаи генерал Назаров, талош доштанд, то ба ҷангиён дар ин қаламрав бипайванданд.

Вай гуфтааст, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро барои бархӯрди шадид бо пайравони "Ҷамоати таблиғ" интиқод карданд, вале агар давлат чунин бархӯрди шадид намекард, Тоҷикистон ба як Кашмири дигар табдил меёфт.

Қонуни дин ва "Эрони кӯчак"
Бояд пеши роҳи инро гирифт, вагарна Тоҷикистон як Эрони кӯчаке хоҳад шуд...


Дар посух ба ин суол, ки оё қонуни нави дини Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм кӯмак кард ё халал расонид, Абдулло Назаров гуфта, ки "моро барои қабули ин қонун шадидан интиқод карданд, бахусус, дар мавриди он банди ин қонун, ки ҳузури наврасонро дар масоҷид манъ мекунад."

Ҳамон тавре ки Викиликс менависад, генерал Назаров афзудааст, ки "як ба инқилоби исломии Эрон нигаред. Масоҷид одамонро ба ҳам овард ва сипас ба хиёбонҳо рехт. Тоҷикистон Амрико нест. Қонуни нав нуфузи раҳбарони диниро маҳдудият мекунад. Кӯдакон бояд аввал таълимоти дунявӣ гиранд, сипас ба масҷид раванд.”

Вай ҳамчунин гуфтааст, “имомоне, ки дар хориҷ аз кишвар таълим гирифтаанд, дар мавъизаҳои худ ибораи "марг бар Амрико"-ро истифода кардаанд.” Ҷаноби Назаров афзуда, ки "бояд пеши роҳи инро гирифт, вагарна Тоҷикистон як Эрони кӯчаке хоҳад шуд."

Бо ин вуҷуд, то ҳол аслияти ин нома аз ҷониби сафорати Амрико ё мақомоти Душанбе таъйид ё такзиб нашудааст.

Тоҷикистон ва ифшогариҳои Викиликс

Аммо дар моҳи декабри соли гузашта рӯзномаи "The Guardian", чопи Лондон, се барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистонро, ки Викиликс дастрас кардааст, ба чоп расонда буд.

Ин рӯзнома бо истинод ба ин барқияҳо навишт, ки Тоҷикистон бо маҷмӯе аз мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст ва яке аз муҳимтарини онҳо президенти ин кишвар аст.

Матбуоти дохилии Тоҷикистон ҳам баъзе аз ин номаҳоро дар саҳифаҳои худ чоп карданд. Аз ҷумла, дар бораи охирин дидори Ричард Ҳоугленд, сафири собиқи Амрико дар Душанбе ва вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев.

Ҳамчунин, расонаҳои Русия аз қавли Викиликс дар як матлаб Ҳамроҳхон Зарифиро дастнишонда ва номзади Амрико барои раисҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда буданд, ки баъдан нусхаи англисии он пайдо нашуд.

Дар матлаби дигар аз сӯҳбати махфии вазири корҳои хориҷӣ, он замон сафири Тоҷикистон дар Амрико бо сафири вақти Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд сухан мерафт. Дар ин номаи дипломатӣ, ки Викиликс нашр кардааст, сафири амрикоӣ менависад, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ ӯро итминон медиҳад, то дар амри густариши нуфузи Амрико дар Тоҷикистон сабур бошад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ баргузории сӯҳбат бо сафири амрикоиро таъйид кард, вале гуфт, тафсилоти ин сӯҳбатро, ки Викиликс чоп кардааст ё фантазияи худи сафир Ҳоугленд аст ё кормандони расонаҳо.

Ифшогариҳои дигари Викиликс дар ин ҷост:

Wikileaks ва ифшои розҳои пинҳони Тоҷикистон

Вокунишҳо ба фошкориҳои Викиликс

Нашри се номаи WikiLeaks дар бораи Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG