Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзномаи "The Guardian", чопи Лондон, дар шумораи навбатии хеш се барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистонро, ки Викиликс дастрас кардааст, ба чоп расонд ва бо истинод ба онҳо навиштааст, ки Тоҷикистон бо маҷмӯе аз мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯст ва яке аз муҳимтарини онҳо президенти ин кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки бино бар номаҳои дипломатӣ, Тоҷикистон метавонад дар эътидол ва рушди минтақа нақши муҳим дошта бошад, аммо мушкилоти чандгонаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, фақр, муносибатҳои бад бо Узбакистон, фасоди фарогир, саноате бо сохтор ва нақшасолории мероси Шӯравӣ, низоми ғайридемократӣ, заъфи мудаввом дар амнияти озуқавӣ ва пойбандӣ ба муҳоҷирати корӣ дар Русия ин кишварро гирифтор кардаанд.

Паёми меҳварии ҳар се номаи дипломатӣ ба як мавзӯъ - равобити байни Тоҷикистон, Амрико, Русия ва Чину Эрон пайванд дошта, давраеро нишон медиҳанд, ки Душанбе аз Маскав дилсард шудааст ва хостори кӯмакҳои густардаи дигарон, махсусан Иёлоти Муттаҳида аст. Аммо сафорати Амрико дар Тоҷикистон бархе аз чунин интизориҳоро "ғайривоқеӣ" мешуморад, аз ҷумла "сармоягузорӣ дар нерӯгоҳҳои баҳсталаб, нақбҳое ба Покистон ва пулҳое ба нокуҷо."

Мушкили давомдор ва хусумати шахсии ду раҳбар

Мушкили давомдори Тоҷикистон бо Узбакистон, ки гуфта мешавад, хусумати шахсии байни ду роҳбар ба оташи он рӯған мерезад, ба вазъи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон асари манфӣ гузоштааст ва набуди эътидол дар Афғонистон онро бо мушкили маводи мухаддир рӯбарӯ кардааст. "Тоҷикон ҳарос доранд, ки густариши ақидаҳои тундгароёна ва убури ситиезаҷӯён аз марзи пуршикофи Тоҷикистону Афғонистон амнияти Тоҷикистонро зери хатар мегузорад."

Танҳо Чин аст, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад ва Эрон ҳарчанд бархе аз тарҳҳо дорад, ҳамраъйии форсизабонон натавонистааст, шубҳаву тафовути амиқи саромадони шаробӣ ва шуравимаоби сунниро бо муҳофизакорони мазҳабии шиъа бипӯшонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи сулҳ бо мухолифонаш, ки дар соли 1997 ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, кайҳо хориҷ шуда, мухолифонро аз ҳукумат берун кардааст. Бархеи онҳо дар маҳбасанд, бархе ҷилои ватан карданд ва бархи дигар ба шакли мармузе мурдаанд. Дар моҳи майи соли 2009 яке аз фармондеҳон Мулло Абдулло Раҳимов ба Тоҷикистон баргаштааст ва мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ки Русия аз Мулло Абдулло ҳимоят мекунад.

"Муҳимтарин монеъаҳои пешрафти кишвар"

Дар асноди ифшошуда дипломатии Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, Тоҷикистон бар замми он, ки аз қашшоқтарин кишварҳои қаламрави Шӯравии пешин аст, "аз заминларзаҳо, обхезиҳо, хушксолу ҳамлаи малах", "муҷозотгариҳои Узбакистон" ва "ҷангзадагии Афғонистон" азият мекашад.

Аммо дар номаҳои дипломатии Амрико омадааст, "бадтарин монеа"-и ин кишвар, раисиҷумҳурии он Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар барқияи махфии сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2010 гуфта мешавад, ки Раҳмон иқтисодиёти ин кишварро ба манфиати хеш истифода мекунад ва кишвар ба хешутаборбозию фасод фурӯ рафтааст.

Дар ин нома омадааст: "Раҳмон ва хонадони ӯ бизнесҳои асосӣ, аз ҷумла бузургтарин бонкро зери назорат доранд ва барои дифоъ аз манофеи бизнеси хеш сахткӯшанд, қатъи назар аз он, ки ин барои иқтисодиёт чӣ пайомад хоҳад дошт. Тавре, ки як дипломати хориҷӣ хулоса кардааст, президент Раҳмон ба он бартарӣ медиҳад, ки 90 дарсади дастархони даҳдоллариро назорат кунад, то 30 дарсади дастархони саддоллариро."

Дар ин барқия гуфта мешавад, даромади бузургтарин корхонаи Тоҷикистон, "Талко", ки ба тавлиди алюмин машғул аст, ба дасти ширкати махфии оффшорие медарояд, ки аз тарафи президент назорат мешавад. "Будҷаи давлат аз ин корхона даромади каме дорад."

Дар ин нома ҳамчунин аз истифодаи пинҳонии зиёда аз 1 миллиард доллар аз тарафи Бонки миллӣ ёд шудааст.

Аҳамияти Тоҷикистон барои Ғарб

Бино бар номаҳои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, аҳамияти Тоҷикистон барои Иёлоти Муттаҳида ҳамчун роҳи такмили нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст. Аммо талошҳои қатъи қочоқи беохири маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон ба Русия ва Аврупо, то ҳол натиҷае надодааст.

Дар соли гузашта Тоҷикистон танҳо 5 дарсади 40 тонна мухаддироти афғониро, ки ба Русия қочоқ шуданд, кашф ва мусодира кардааст. Фасод мушкили асосист ва бар замми он нерӯҳои марзбони Тоҷикистон омӯзиши нокофӣ, музди нокофӣ ва таҷҳизоти нокофӣ доранд.

Хунсо шудани кӯшиши табаддулот

Дар номаи сафири Амрико дар Тоҷикистон, Ричард Ҳугланд, ки мулоқоташ бо Раҳмонро пас аз хуруҷи марзбонони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон қаламдод кардааст, гуфта мешавад, Раҳмон шарҳ додааст, ки Маскав нерӯҳои марзбонашро барои таҳияи табаддулоти зидди ӯ дар ҳамкорӣ бо фармондеҳи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев истифода мекардааст.

Бино ба гузориши Ҳугланд, Раҳмон дар ин мулоқот ба ӯ гуфтааст, ки андешаи ихроҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон аз худи ӯст ва барои иҷрои он худ хеле пойфишорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Раҳмон, Маскав хостори хуруҷ набуд, аммо замоне, ки Раҳмон генерал Ғаффор Мирзоевро барканор кардааст, танҳо он вақт Путин ноилоҷ монда, аз тарҳи табаддулот даст кашида ва ба хуруҷи марзбонон розӣ шудааст.

Вай афзудааст, ки дар ин кор ба ӯ раҳбари Хадамоти федероли Русия дар назорат бар маводи мухаддир, Виктор Черкесов кӯмак кардааст. Черкесов дар Тоҷикистон вазъи қочоқи маводи мухаддирро омӯхтааст ва ба хулосае омадааст, ки марзбонони Русия дар ин қочоқ нақши бузург доштаанд. Президенти Тоҷикистон"Вай аз номи ман ба назди Путин рафт".

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сарусадоҳои матбуоти Русияро дар бораи бадтар шудани қочоқи маводи мухаддир пас аз ихроҷи марзбонони рус кори генералҳое номидааст, ки мехоҳанд, ба ин марз баргарданд ва назорат бар қочоқро ба дасти худ гиранд.

"Русия Тоҷикистонро ноором карданӣ буд"

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, хадамоти махфии Русия вазифадор шудаанд, ки дар Тоҷикистон нооромӣ эҷод кунанд. "Ин аз Кремлин меояд ва бархе аз ин корҳо аз сатҳи олӣ. "Мо ҳаргиз набояд фаромӯш кунем, ки худи Путин дар таҳти дилаш "чекист" аст."

Дар нома омадааст, президент изҳори омодагӣ кардааст, ки бархилофи Кремлин барои пойгоҳи Амрико дар ҳудуди Тоҷикистон ҷой диҳад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ дар соли 2006 гуфтааст, ба бовари он, Русия барои коҳиши ҳузури Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дар Тоҷикистон ба Душанбе фишори зиёд меорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG