Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба фошкориҳои Викиликс


Tajikistan – View of the Tajik parliament building, Dushanbe, 2009
Tajikistan – View of the Tajik parliament building, Dushanbe, 2009

Як масъули вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, нашри номаҳои "Викиликс" ва доман задани онҳо тавассути расонаҳои Ғарб дар ҳеҷ сурат ба таври ҷиддӣ пазируфта намешавад ва ин номаҳо ба равобити Тоҷикистон бо сойири кишварҳои дунё таъсир надорад.

Ин манбаъ афзуд, муносибат ва ҳамкории Тоҷикистон бо Русия ва Амрико дар чаҳорчӯби қарордодҳо сурат мегирад ва давлат талош хоҳад кард то ин ҳамкориҳо густариши бештар пайдо кунанд.

Ҳарфҳое, ки сари забонҳо буд

Дар матлаби ба нашррасида дар рӯзномаи бритониёии «Гардиан» бо истинод ба маводи Викиликс фаъолияти давлати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раисиҷумҳури он мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Аммо доираҳои сиёсӣ ва рӯзноманигорони тоҷик мегӯянд "Викиликс" дар ошкоргӯиҳои худ ҳеҷ иттилоъи фавқулодда махфӣ ва муҳимро пешниҳод накардаст. Ба эътиқоди хабарнигорони тоҷик, мӯҳтавои ин мақола аз хабарҳое таркиб ёфтааст, ки қаблан низ сари забонҳо буданд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», мегӯяд, бархе аз навиштаҳои сомонаи Викиликс қаблан низ дар маҳфилҳои таҳлилгарон матраҳ шудаанд, вале барои нашри онҳо далели қотеъ вуҷуд надорад.



Таъсири фошкориҳои Викиликс ба сиёсати ИМА


Аммо коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки нашри ин номаҳо дар равобити кишварҳо ва аз ҷумлаи робитаи Амрико бо кишварҳои дигар бетаъсир нахоҳад буд. Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, таъсири нашри ин матлаб дар он зоҳир мешавад, ки масъулини давлатӣ дар сӯҳбат бо дипломатҳо аз эҳтиёти шадид кор мегиранд.

Вале аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Ғанӣ, кишварҳо ҳамеша дар тарозуи сиёсат манофеи худро мегузоранд ва муносибат ва ҳамкориҳо низ бо назардошти ин манфиатҳо сард ва ё гарм мешавад.



Клинтон: WikiLeaks амниятро аз байн мебарад

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи номаҳои ифшошудаи электронӣ аз сӯи сомонаи интернетии WikiLeaks изҳори назар кард ва онро "ҳамла ба ҷомеаи байналмилалӣ" хонд. Хонум Клинтон гуфт, Амрико аз ифшои санадҳо амиқан ибрози таассуф мекунад.

Ӯ афзуд: "Амрико ба таври ҷиддӣ ифшои ғайриқонунии асноди касбиро маҳкум мекунад. Ин ҳаёти одамонро дар хатар мегузорад, ба амнияти мо таҳдид мекунад ва талошҳои моро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар ҷиҳати ҳали мушкилоти муштарак аз байн мебарад".

Хонум Клинтон изҳор дошт, ки чунин кор вазифаҳоро дар бахши амнияти байналмиллалӣ ва ташкили эътилофҳо бо муттаҳидини хориҷӣ душвортар хоҳад кард.

Вокуниши сафорати Амрико


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон зимни ироаи посухи катбӣ ба радиои «Озодӣ» маводи чопшуда дар нашрияи «Гардиан»-ро шубҳаовар хонд ва таъкид кард, "дар робита ба маълумоте, ки даъвои махфӣ буданро дорад, ибрози назар нахоҳад кард".

Дар номаи сафорат таъкид шудааст, ки Амрико «яке аз якумин кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда ва ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накардааст. Ҳамчунин ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ вақт барои ивази ҳукумати Тоҷикистон талош наварзидааст.»

Бо ин ҳама маводи нашршуда дар торнамои Викиликс дар ҳоли ҳозир аз пурсарусадотарин матолиб ва гузоришҳо ба ҳисоб мераванд. Чопи матолиби марбут ба Тоҷикистон дуввумин мавриде аз маводҳои ин торнамо аст, ки дар ду ҳафтаи ахир мунташир мешавад.
XS
SM
MD
LG