Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Миср ба тазоҳуркунандагон ҳушдори қатъӣ дод


Телевизиони давлатии Миср хабар дод, ки ҳайати ҳукумати ин кишвар ба шакли комил аз мақоми худ истеъфо дод, аммо тазоҳурот дар ин кишвар бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак идома дорад. Дигарандеши пешгоми мисрӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад Ал-Бародаӣ низ эълом доштааст, ки Муборак бояд ба истеъфо равад. Артиши Миср ҳушдор додааст, ки агар аҳолӣ фармони вазъи изтирорӣ ва қуюди шабгардиро муроот накунад, мавриди ҷазо қарор хоҳад гирифт. Аммо тазоҳурот дар Қоҳира, Александрия ва шаҳрҳои дигари Миср идома дорад. Пизишкон мегӯянд, дар даргириҳо бо полис то ҳоло 38 нафар кушта ва зиёда аз 2000 тан маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG