Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи кайҳоннавардони амрикоӣ


Садҳо нафар дар маросими ёдбуди инфиҷори сафинаи амрикоии "Чалленҷер" ширкат карданд, ки ба муносибати 25-умин солгарди воқеа баргузор гашт. 28-уми январи соли 1986 киштии кайҳонии "Чалленҷер" баъд аз 73 сонияи оғози парвоз ба иллати мушкил дар муҳаррикаш мунфаҷир гашт ва 7 ситоранаварди амрикоиро ба ҳалокат расонд. Онҳо, аз ҷумла омӯзгор Криста Маколиф мебоист, аввалин кайҳоннафарадони ғайриҳирфаӣ мешуданд, ки ба кайҳон парвоз кардаанд. Ҷюн Скобӣ Роҷерс, ҳамсари фармондеҳи "Чалленҷер", Дик Скобӣ дар паёми рӯзи ёдбуд чунин гуфт:

"Мо аз он чӣ дар пеши чашмони мо иттифоқ афтод, шах шудем. Магар ин имконпазир буд? Ҳеҷ кас бовар надошт, чунин мешавад. Рӯйдоде, ки мебоист омӯзишро ҳадя мекард, дар чанд сония ба фоҷиа табдил шуд. Азизони мо рафтанд. Миллат ба ғусса нишаст ва оянда торик гашт."

Маросим дар ҳоле баргузор шуд, ки Бунгоҳи кайҳоннавардии Амрико барномаи 30-солаи сафинаҳои бурду оварди кайҳониро қатъ кардааст. Ҳайати шатл баъд аз се парвози дигар ба Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ ба истеъфо хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG