Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов имрӯз ба Брюссел сафар мекунад


Қарор аст, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имрӯз барои музокирот бо мақомоти аршади ИА ва НАТО ба Брюссел сафар кунад. Интизор меравад, Каримов бо раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо ва куммиссари ИА дар умури тавсиа Гюнтер Оттингер мулоқот кунад. Имзои як ёддошти тафоҳум пиромуни ҳамкорӣ дар риштаи энержӣ ва ҳам баҳси мавзӯъи ифтитоҳи дафтари ИА дар Тошканд дар назар дошта шудааст.
Каримов бо дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен ғолибан ҳамкории Тошканд дар амалиёти НАТО дар Афғонистонро баҳс хоҳад кард. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз қарори мақомоти аршади ғарбӣ дар Брюссел барои мулоқот бо Ислом Каримов башиддат интиқод мекунанд. Сухангӯи Куммиссиюни Аврупо Оливер Бейлӣ аммо гуфт, мақомоти ИА дар мулоқотҳо бо Каримов масоили ҳуқуқи башар ва ислоҳотро дар авлавият хоҳанд гузошт. Бино ба хабарҳо, гурӯҳҳое, чун Amnesty International ва Human Rights Watch қасд доранд, ба нишони дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон дар Брюссел як намоиши эътирозӣ барпо кунанд.
XS
SM
MD
LG