Пайвандҳои дастрасӣ

Медиа-Алянс "Вечерний Душанбе" ва молики онро ба музокира хост


Имрӯз Медиа-Алянси Тоҷикистон дар бораи тасмими ҳайати кормандони нашрияи "Вечерний Душанбе" изҳороте мунташир сохт. Дар он омадааст, Созмони рӯзноманигории Медиа-Алянси Тоҷикистон аз вазъи ба амаломада миёни ҳайати эҷодии нашрия ва соҳиби он изҳори нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хостааст, ки вазъи мавҷударо аз роҳи музокира ҳал кунанд. Медиа Алянс намуна овардааст, ки бо ташкили "Кумитаи 29-ӯми сентябр" бо масоии муштарак рӯзноманигорон тавонистаанд заминаи дастрасӣ ба сомонаҳо ва чопи дубораи нашрияҳоро фароҳам созанд.
XS
SM
MD
LG