Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди ярчу обхезиҳои нав ба Бразилия


Теъдоди қурбониёни обхезиву ярч дар манотиқи ҷанубу шарқи Бразилия аз марзи 600 нафар убур кард. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад. Барои ширкат дар амалиёти наҷотбахшӣ дар кӯҳистони атрофи Рио-де-Жанейро, ки назар ба дигар манотиқ аз офати табиӣ бештар зарар дидааст, низомиён ҳам сафарбар шудаанд. Обхезиву ярч беш аз 10 ҳазор нафарро бехонумон кардааст.
Боронгариҳои шадид ва таҳдиди обхезиву ярчҳои нав корҳои наҷотбахширо ба мушкил мувоҷеҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG