Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози роҳандозии 7 тарҳи ҷадиди ИА


Иттиҳодияи Аврупо(ИА) иҷрои 7 тарҳ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи “Рушди ниҳодҳои ғайридавлатӣ”-ро шурӯъ кардааст. Маблағи умумии ин барнома 1 миллиону 448 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Тарҳҳои ҷадид аз ҷумла таъмини молии барномаҳои беҳдоштӣ дар навоҳии силзадаи Ҳамадониву Восеъ, мубориза бо HIV, ангезандаи бемории AIDS ва коҳиши фақр дар вилояти Суғд ва рушди хадамоти давлативу хусусии байторӣ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG