Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон созишномаи фонограммаро тасвиб кард


Дар ҷаласаи навбатии парлумони Тоҷикистон имрӯз қарори ҳукумат оид ба ҳамроҳшавии ин ҷумҳурӣ ба созишномаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар заминаи истифодаи фонограммаро ба тасвиб расонд. Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки ин санад яке аз талаботи узвият дар созмони ҷаҳонии тиҷорат маҳсуб мешавад. Афзун ба ин, гуфт ӯ, оқои Достиев ин амал ба хотири ҳифзи дастовардҳои мусиқии устодони ҳунари мусиқии тоҷик як амри зарурӣ аст.
XS
SM
MD
LG