Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти занони тоҷик аз нигоҳи АДВ


Занону кӯдакон дар Тоҷикистон аз осебпазиртарин қишрҳои аҳолӣ боқӣ мемонанд. Стротежии ҳамкории Бонки осиёии рушд бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 мегӯяд, бар асари мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ду даҳсолаи охир дар Тоҷикистон, хонаводаҳое, ки саробониаш ба дӯши занҳост, аз се ду ҳиссаи ҷамъи хонаводаҳои зери хатти фақр дар ин кишварро ташкил дода, ба маҳзи дастрасии нобаробар ба замин ва вомҳои бонкӣ бештар аз ақшори дигар ба хатари фақиртар шудан рӯбарӯ мебошанд. Нобаробарии гендерӣ, бино бар ин санад, дар тамоми зинаҳои маориф – аз мактаби миёна то макотиби олии Тоҷикистон бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG