Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 ҷангӣ дар канори шаҳри Мироншоҳ


Бар асари зарбаҳои мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 15 мусаллаҳ кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, мошинҳо ва як қароргоҳи мусаллаҳон дар мавзеъи Мир Алӣ, воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Мироншоҳ, маркази Вазиристони Шимолӣ, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Дар ин минтақа ҷангиёни “Толибон” ва созмони “Ал-қоида” фаъоланд.
Шахсияти мусаллаҳони кушташуда ҳанӯз мушаххас нашудааст.
XS
SM
MD
LG