Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи шаҳри Душанбе таъсис хоҳад ёфт


Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе тасмим гирифт, дастаи футболи шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ҳамчунин қарор шудааст, дар наздикии бозори "Султони Кабир" аз ҳисоби буҷаи шаҳр як муҷтамаи нави варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шавад. Қарорҳои маҷлиси шаҳр дар ҳоле тасвиб мешаванд, ки ахиран раисиҷмуҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бунёди варзишгоҳҳои нав ва ҷалби ҷавонон ба варзиш метавонад аз майли онҳо ба маводи мухаддир ва андешаҳои тундгароӣ пешгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG