Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 сарбоз ва 24 ситезаҷӯ дар даргириҳои Покистон


Ёздаҳ низомии Покистон ва 24 ситезаҷӯ дар як даргирӣ дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон кушта шудаанд. Дар ин бора як мақоми аршади минтақа иттилоъ додааст. Пештар ҳарбиёни Покистон эътироф карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳамзамони гурӯҳи бузурге аз пайкорҷӯён ба 5 постгоҳ дар минтақаи қабилаи Моҳманд 3 сарбози давлат ба ҳалокат расидаанд. Дар изҳороти хадамоти амниятии Покистон гуфта мешавад, ки шумори силоҳбадастон ба 150 нафар баробар буд. Маъмури ноҳияи Моҳманд, Амҷад Алихон гуфт, дар ин даргириҳо камаш 12 низомӣ захмӣ шудаанд. То кунун манобеи мустақил дар бораи ин ҳаводис чизе нанавиштаанд.
XS
SM
MD
LG