Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони ҳуввияти чанде аз фирориёни боздоштшуда


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) мегӯяд, 7 тан аз 8 нафари боздоштшуда дар улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон маҳбусонеанд, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи ин кумита дар шаҳри Душанбе фирор карда буданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар байни ин ҳафтгона, ки рӯзи 19 декабр дастгир шуданд, 4 шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла Ҳикматуллоҳ Азизов, мулаққаб ба “Кӯри Малиш”, ва Баҳром Орифҷонов ва 3 шаҳрванди Афғонистон будаанд.Даён Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Тахор мегӯяд, боздоштшудагонро алакай ба Кобул бурдаанд.
Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи низомаш шадиди КДАМТ дар моҳи август боиси барканории ҳамаи раҳбарони ин кумита, бо шумули раисаш Хайриддин Абдураҳимов, шуд.То имрӯз аз ин шумор 17 фирорӣ ё кушта ё дубора дастгир шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG