Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоятҳо аз "хилофкориҳои ҷиддӣ" дар интихоботи Косово


Бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумонии Косово Ҳизби демокарти сарвазир Ҳошим Тачӣ бо касби зиёда аз 33 дарсади оро дар ҷои аввал ва рақиби он, Лигаи демократии Косово бо 24 дарсад дар ҷои дувум қарор доранд. Бино бар ин натиҷаҳо, ки Кумиссюни марказии интихоботии Косово эълом дошт, ҳизби Тачӣ бузургтарин ҷиноҳ дар порлумони Косово хоҳад буд, ки аз 120 вакил иборат аст. Аммо сарони Лигаи демократии Косово мегӯянд, аз рӯи шумориши онҳо, ин лига дар ҷои аввал аст. Нозирони байнулмилалӣ аз хилофкориҳои ҷиддӣ дар ҷараёни интихобот хабар медиҳанд.
XS
SM
MD
LG