Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби силоҳбадастон дар Балҷувон идома дорад


Дар кӯҳистони ноҳияи Балҷувони минтақаи Кӯлоб таъқиби силоҳбадастоне, ки рӯзи 1 декабр дар як даргирӣ 3 нафар, бо шумули ду мақоми баландпояи милисаву амнияти маҳаллиро ба ҳалокат расонданд, идома дорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмини Аҳмадӣ, ки дар маҳалли он даргирӣ, мавзеъи Дӯлонамайдон, қарор дорад, тавассути телефон гуфт.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидон мегӯяд, ин гурӯҳи силоҳбадаст тақрибан 11 нафар буда, ҳадафи онҳо аз ин ҳамла то ҳол рӯшан нашудааст. Вале ба гуфтаи шоҳидон, якеи онҳо бо гӯиши тоҷикони Афғонистон ва дастикам ду тани дигараш озодона бо тоҷикӣ сӯҳбат мекардаанд.
Тафсилоти ин мавзӯъ дар маҷаллаи шомгоҳии Радиои Озодӣ.
XS
SM
MD
LG