Пайвандҳои дастрасӣ

Колин Пауэлл аз Барак Обама пуштибонӣ кард


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, дар мавзӯъи тасвиби созиши коҳиши силоҳи стратегӣ миёни Вошингтону Маскав аз пуштибонии боз як сиёсатмадори бонуфузи кишвар бархурдор шуд. Колин Пауэлл, собиқ вазири умури хориҷии ИМА, дар мулоқот бо Обама дар Кохи Сафед изҳор намуд, ки аз имзои ин созиш бо Русия ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мекунад. Ба гуфтаи Пауэлл, дар сурати сарпечии Сенат аз тасвиби ин санад, ИМА дар вазъи мушкиле қарор хоҳад гирифт.
Владимир Путин, сарвазири Русия, дар мусоҳиба бо шореҳи шабакаи телевизионии CNN Ларрӣ Кинг гуфт, ки агар Амрико созиши коҳиши силоҳи стратегиро тасвиб накунад, Русия шояд ба афзоиши нерӯҳои стратегии ҳастаии худ идома диҳад.
XS
SM
MD
LG