Пайвандҳои дастрасӣ

Баста шудани даҳҳо масҷид дар Кӯҳистони Бадахшон


Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз тафтиши аснод ва фаъолияти масҷидҳо дар ноҳияи Дарвоз 28, дар ноҳияи Ванҷ 16 ва дар ноҳияи Мурғоб 11 масҷидро бастанд. Намояндаи шӯъбаи дин дар ҳокимияти вилоят гуфтааст, фаъолияти ин масоҷид ба иллати аз нав сабти ном нашуданашон дар Кумитаи дин муваққатан боздошта шудааст. Ба онҳо то 20-уми ноябр мӯҳлат муқаррар шудааст, ки дигарбора сабти ном шаванд. Бино ба қонуни нави дин, ки бо вуҷуди эътирози мусулмонони кишвар ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар соли гузашта қабул шуд, фаъолияти масҷидҳое, ки камтар аз 100 намозгузор доранд, қатъ хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG