Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дар паси ҳамла мақомот истодаанд"


Ҳамсари як фаъоли муҳитзистии Русия, ки ҳафтаи гузашта шадидан лату кӯб шуд, гуфт, ки дар паси ҳамла ба шавҳари ӯ мақомот истодаанд. Марина, ҳамсари Константин Фетисов дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии шаҳраки Химкӣ нахостанд парвандаи ҳамла ба шавҳарашро чун кӯшиши куштор сабт кунанд. Вай гуфт, мутмаин аст, ки “онҳо ӯро куштанӣ буданд, чунки шавҳараш ошкоро ба истеъфои мақомот” даъват мекард. Фетисов рӯзи 4 ноябр аз ҷониби гурӯҳи номаълуме дар наздикии манзилаш лату кӯб шуда баъдан ба касалхона интиқол ёфт. Баъди як амалиёт ҳоло ӯ дар ҳолати беҳушӣ ё кома ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG