Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон қарзи "Сангтӯда-1"-ро дар соли 2011 пардохт мекунад


Дирӯз дар Маскав ҷаласаи 11-ӯми кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар ин ҷаласа ҷадвали пардохти қарзҳои ширкати "Барқи Тоҷик" аз ниругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1", ки Русия саҳомдори ин ниругоҳ мебошад, ба тасвиб расид. Бар асоси тавофуқоти ҷонибҳо, ин қарзҳо бояд дар давоми соли оянда, яъне то поёни соли 2011 ба Русия пардохт шавад. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи имкони ширкати Русия дар сохтмони ниругоҳи нав дар Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.Ширкаткунандагони ин ҷаласа имкони содироти бидуни молиёти фаровардаҳои нафтии Русия ба Тоҷикистонро низ баррасӣ кардаанд. Вале натиҷаҳои он эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG