Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон натиҷаҳои интихобот эълон мешавад


Итизор меравад, ки имрӯз кумиссюни Марказии Итихоботии Қирғизистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порламонии 10-ӯми октябрро эълон кунад. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот ҳизбҳои роҳёфта ба порламон ба ташкили эътилоф шурӯъ мекунанд. Дар бештар аз 15 қитъаи интихоботӣ натиҷаҳои райдиҳӣ ботил эълон шуданд. Сафирони Эрону Олмон, Украинаву Русия, Шветсария ва намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ бар зидди ин тасмими кумиссиюни Марказии Интихоботӣ изҳори назар карданд. Клара Сооронқулова-узви ин кумиссиюн гуфтааст, аз ҳизбҳои роҳёфта ба порламон мумкин аст Ҳизби Сотсиал-Демократ, ки бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ дар мақоми дуввум буд, ба мақоми аввал барояд. Ҳизби "Ота Мекен", ки дар мақоми ахир буд, орои бештар ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG