Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи шаҳрӣ ва вилоятӣ дар Украина баргузор шуд


Дируз дар Украина интихобкунандагон пои сандуқҳои рай рафтанд, то намояндагони маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятиро интихоб кунанд. Бино ба назархоҳиҳои қабл аз интихоботӣ интизор мерафт, ки Ҳизби Минтақаҳои ҷонибдори ҳукумат дар дар қисматҳои марказӣ ва шимолии Украина шумораи намояндагони худро дар маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ афзоиш диҳад. Дар ин интихобот номзадҳо аз 50 ҳизб ва номзадҳои алоҳида ширкат ҷустанд. Дар остонаи интихобот ҳизбҳои мухолифи давлат Ҳизби Минтақаҳои Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украинаро муттаҳам карданд, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ хоҳад дод. Дар 33 000 қитъаи интихоботӣ намояндагони ҳизби ҳоким аъзои кумиссиюнҳои интихоботианд. Президент Виктор Януковияч дар остонаи интихобот ҳушдор дод ва гуфт, ононе, ки ба тақаллуб даст мезананд, ба додгоҳ кашонда мешаванд. Ҳизби "Баткившина" ё "Падарватан"-и Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро ба расмият нахоҳад шинохт, зеро мақомоти интихоботӣ дар чанд ҳавза ва қитъа намояндагони онҳоро чун номзад сабти ном накардаанд. Тақрибан 2 500 нозири байналмиллалии интихоботӣ бар ҷараёни райдиҳӣ назорат карданд.
XS
SM
MD
LG