Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар остонаи нишасташон


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, ки имрӯз дар шаҳри Брюссел сарнавишти ояндаи иттиҳодияро баррасӣ мекунанд, қавл доданд, ки аз бӯҳрони молии Юнон сабақ хоҳанд гирифт. Ҳерман Ван Ромпуӣ, президенти Иттиҳодияи Аврупо дар остонаи ин нишаст, ки то чанд соати дигар шурӯъ мешавад, гуфт, кишварҳои узв бо иқдомҳои ҷасурона Юнони гирифторро бо кӯмаки молӣ наҷот дода ва евроро қавӣ нигаҳ доштанд. Ӯ афзуд, раҳбарони кишварҳои узв дар нишасти имрӯза саъй хоҳад кард, то бо баррасии тарҳҳои мудирияти беҳтари буҷаи кишварҳои узв аз бӯҳрони молии Юнон сабақ бардоранд.
XS
SM
MD
LG