Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - Индонезия 1:4


Тими футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дуввуми марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии қораи Осиё дар Тошканд аз тими Индонезия бо ҳисоби бузурги 1:4 шикаст хӯрд. Бозии дуввуми гурӯҳи А байни тимҳои Узбакистону Урдун бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт. Баъди ду даври бозиҳо дар ин гурӯҳ Узбакистон бо 4 имтиёз дар мақоми аввал ва Индонезия бо 3 имтиёз дар мақоми дуввум қарор доранд. Урдун баъди 2 бозӣ 2 хол ба даст оварда, дар ҷойи севвум аст. Ва мақоми охирро дар гурӯҳи А тими Тоҷикистон бо 1 имтиёз ишғол мекунад. Футболбозони навраси тоҷик барои касби яке аз ду роҳхат ба марҳалаи баъдии мусобиқот интихоби дигар ба ҷуз аз пирӯзӣ бар тими Узбакистон дар даври севвум ва он ҳам бо ҳисоби ҳарчӣ бузургтарро надоранд. Дар ҳоле ки барои Узбакистон ҳатто натиҷаи мусовӣ кофист.
XS
SM
MD
LG