Пайвандҳои дастрасӣ

Сунамӣ соҳилҳои Индонезиро хароб кард


Дар Индонезӣ баъд аз сунамӣ ба думболи заминларзаи мудҳиш беш аз 150 нафар беному нишон шудаанд. Заминларзаи нерӯяш 7,7 дараҷаи Рихтер шоми рӯзи душанбе дар соҳилҳои ҷазираҳои Ментаваӣ, воқеъ дар ғарби ҷазираи Суматра, рӯх дод.
Мавҷҳои бузург як деҳаи соҳилро хароб карданд. Мақомот алҳол дар бораи ҳалокати як нафар хабар дода ва гуфтаанд, ки ҷустуҷӯи афроди ғайбзада идома дорад.
Дар уқёнуси Ҳинд гурӯҳҳои наҷотбахш ҷустуҷӯи як киштӣ бо сайёҳон аз Австралияро идома медиҳанд, ки робита бо он баъд аз заминларза қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG