Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собянин шаҳрдори Маскав интисоб шуд


Думаи шаҳри Маскав, ки дар он аксариятро вакилони ҳизби ҳокими Русияи воҳид дар даст дорад, имрӯз бо аксарияти оро номзадии Сергей Собянин, мушовири наздики сарвазир Владимир Путин ба мақоми шаҳрдори пойтахти Русияро тасвиб кард. Собянин дар ин мақом Юрий Лужковро, ки моҳи гузашта баъд аз 18 соли раҳбарӣ ба шаҳри Маскав аз сӯи раисиҷумҳур Дмитрий Медведев аз ҷумла ба иллати ироаи қарордодҳои пурфоида ба ширкати ҳамсари миллиардераш Елена Батурина барканор гардид, иваз мекунад. Собянин имрӯз дар иҷлосияи Думаи Маскав тааҳҳуд супурд, ки бо фасоди густарда дар Маскав мубориза барад: “Ман сахт мӯътақидам, ки фасод ва девонсолорӣ омилҳоест, ки метавонад аксар ва ҳатто шояд тамоми имтиёзҳои Маскав дар рақобат бо дигар шаҳрҳоро аз байн барад.”
Собянини 52-сола қаблан дар аҳди Путин раҳбари маъмурияти ӯ ва сипас муовини сарвазири Русия буд.
XS
SM
MD
LG