Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нишасти сарони Русия, Фаронса ва Олмон


Дар идомаи нишасти сарони кишварҳои Русия, Фаронса ва Олмон, ки дар шаҳри шимолии Довили Фаронса ҷараён дорад, масъалаи ҳамкориҳои эҳтимолии амниятии миёни ин кишварҳо баррасӣ мешавад. Дирӯз Дмитрий Медведев, Николя Саркозӣ ва Ангела Меркел шоми муштараке доштанд. Тибқи гузоришҳо, раҳбарони Фаронсаву Олмон талош доранд бо Медведев заминаҳои таъсиси сипари нави зиддимушакии НАТОро баррасӣ кунанд, ки тавони пӯшиши тамоми кишварҳои узви ин паймони низомиро дошта бошад. Ҳадаф ҳимоят аз таҳдидҳои эҳтимолии мушакҳои баллистикии кишварҳои мисли Эрон гуфта мешавад. Дар гузашта Маскав шадидан мухолифи бунёди чунин пойгоҳе дар хоки Аврупои Шарқӣ шуда, гуфтааст, ки ин сипари зиддимушакӣ дар асл метавонад ба амнияти Русия таҳдид кунад. Шоми дирӯз Агела Меркел гуфт, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои НАТОву Русия заминаҳо фароҳам омадааст:

“Дар ин замина, бо назардошти ҳама таҳдидҳои асри 21, мо имкони роҳандозии ҳамкориҳоро пайдо хоҳем кард. Мо албатта аз пеш гуфта наметавонем, ки тасмим чӣ гуна хоҳад буд, вале мехоҳем, ки як девори эътимоде эҷод шуда мутмаин шавем, ки дар муқобили таҳдидҳои воқеии асри 21 ҳамаи мо, ба қавле, савори як киштӣ ҳастем”.

Қарор аст, як моҳ баъд дар нишасти Лиссабон НАТО масъалаи таъсиси сипари зиддимушакиро баррасӣ карда, ҳамчунин, консепсияи стратегии ин ниҳодро барои даҳ соли оянда қабул кунад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё Медведев дар ин нишаст ҳозир хоҳад шуд ё на.
XS
SM
MD
LG