Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Теҳрон дар нишасти Гурӯҳи байнулмилалии тамос


Ҳайати Эрон барои нахустин бор дар машваратҳои байнулмиллалӣ оид ба авзоъ дар Афғонистон ширкат кард. Теҳрон ба нишасти Гурӯҳи байнулмилалии тамос дар шаҳри Рум, пойтахти Италия, намояндаи вижаи худ дар умури Афғонистон Муҳаммад Алӣ Ғанизодаро фиристод. Дар ин нишаст дипломатҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо, НАТО, ИМА ва Афғонистон ҳузур доштанд. Гурӯҳи байнулмилалии тамос барои ширкат дар нишаст ҳайати Созмони конфаронси исломиро низ даъват намуд.
Вошингтон ба ширкати ҳайати Эрон дар нишасти Гурӯҳи байнумилалии тамос мухолифат накард. Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон дар нишасти хабарӣ дар Рум гуфт, “ Эрон бо марзҳои тулонӣ ва тақрибан бозаш бо Афғонистон ва ҳамчунин мушкили бузурги қочоқи маводи мухаддир бояд дар ҳалли мусолиматомези вазъи Афғонистон нақши муайян дошта бошад”.
XS
SM
MD
LG