Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса 12 нафарро боздошт кард


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар ҷануби Фаронса дастикам 12 нафар боздошт шудаанд. Шак меравад, ки онҳо дар қочоқи аслиҳа ва маводи мунфаҷира даст доранд. Ин боздоштҳо дар ҳоле анҷом мегирад, ки баъзе манобеи амниятӣ дар бораи имкони ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Аврупо ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG