Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Миср аз мавқеъи фаластиниҳо


Миср аз мавқеъи фаластиниҳо, ки то замони идомаи шаҳраксозии Исроил дар сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдун пушти мизи музокироти сулҳ нишастанӣ нестанд, ҳимоят кард. Аз тамдиди мораторийи шаҳраксозӣ даст кашидани Исроил дар таърихи 26 сентябр боиси тавқифи музокирот шуд.
Вазири хориҷаи Миср Аҳмад Абулғайт имрӯз гуфт, Ғарб бояд бо талаби мунҷамид кардани шаҳраксозиаш ба Исроил фишор биорад, вагарна шароити феълӣ барои идомаи музокирот мусоид нест. Фаластиниҳо тасмими ниҳоии худ дар мавриди идома додан ваё надодани музокироти мустақим бо Исроилро дар ин ҳафта баъд аз нишасти сарони Лигаи давлатҳои арабӣ дар Либия хоҳанд гирифт.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки мораторийи шаҳраксозиро тамдид карданӣ нест, дар як баёния музокиротро танҳо роҳи расидан ба сулҳ номид ва аз фаластиниҳо даъват кард, ба музокирот идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG