Пайвандҳои дастрасӣ

Занони собиқи ҷангҷӯёни Ал-қоида дар Ироқ ҷӯёи кӯмак


Даҳҳо зани ироқӣ, ки баъди ҳамла ба раҳбарии Амрико дар соли 2003 маҷбуран бо ҷангҷӯёни Ал-қоида издивоҷ кардаанд ва ба маҳрумиятҳои зиёд рӯ ба рӯ будаанд, ҷӯёи кӯмакҳои ҳукумат ҳастанд. Бино ба гузориши бахши ироқии Радиои Озодӣ, даҳҳо нафар аз ин занон дар вилояти Диёло ба марказҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат кардаанд, ки ба занони азиятдида кӯмак мекунанд. Имон Аббос, раҳбари яке аз марказҳо, мегӯяд, никоҳи ин занон, ки шавҳарони хориҷиашон кушта шудаанд ва аз Ироқ гурехтаанд, ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад ва тақрибан 60 фарзандони онҳо ҳаққи таҳсилро надоранд. Намояндаи ҳукумати Ироқ гуфтааст, барномаи махсусе барои кӯмак ба чунин занон надоранд, аммо ҳуқуқи бунёдии онҳоро таъмин хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG