Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми як зан дар аёлати Вирҷиния


Дар ИМА бори аввал дар панҷ соли ахир як зан эъдом шуд. Сокини аёлати Вирҷиния Тереза Люиси 41-сола бо иттиҳоми ташкили куштори шавҳару писархондаш дар соли 2002 маҳкум ба марг шуда буд. Тафтишот муқаррар намуд, ки Тереза Люис ду мардро ба худ ҷалб намуда, сипас бо баҳои маблағ онҳоро барои куштори шавҳару писархондаш моил намудааст.
Ҳарду қотил ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд, яке аз онҳо дар маҳбас даст ба худкӯшӣ зад.
Додгоҳи олии ИМА ва волии Вирҷиния ҳама дархостҳо дар бораи афви Тереза Люисро рад карданд.
XS
SM
MD
LG