Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаъи умумӣ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаъи умумии СММ суханронӣ кард. Оқои Раҳмон аз пешниҳоди 2 маротиба афзудани кӯмакҳо ба кишварҳои дар ҳоли рушд пуштибонӣ кард, вале гуфт, ин ёриҳо набояд бори қарзи ин кишварҳоро боз ҳам сангинтар кунад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин кишварашро ба унвони як буфер дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир таъриф ва пешниҳоди қаблиаш дар бораи соли дипломатияи об эълон кардани соли 2012-умро аз ин минбар такрор кард.
Имрӯз, қарор аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG