Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рашт қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд


Аз соати 8 шом то 6 субҳ дар ҳудуди ноҳияи Рашт қуюди шабгардӣ ҷорӣ ва реҷаи равуои мардум дар сооти шабона дар ин қаламрав маҳдуд карда шудааст. Гулрафтор, як сокини Рашт гуфт, мақомоти маҳаллӣ мардумро ҳушдор додаанд, ки дар ин соатҳо бидуни зарурат аз манзилҳои худ берун нараванд. Рӯзи 19 сентябр бар асари ҳамлаи як гурӯҳи силоҳбадаст ба корвони нирӯҳои артиши Тоҷикистон дар саргаҳи дараи Камароби ноҳияи Рашт 25 сарбоз кушта шуданд. 2 сарбози маҷрӯҳ ахиран дар бемористон ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG