Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон нуфусшуморӣ шурӯъ мешавад


Имрӯз, 21 сентябр дар Тоҷикистон маъракаи саросарии барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз меёбад. Зебо Исмоилова, намояндаи Ожонси омори Тоҷикистон гуфтааст, ки ба манзури баргузории ин маърака аз будҷаи давлатӣ 6,1 миллион доллар ихтисос ёфта, 30 000 нафар ба нуфусшуморӣ ҷалб шудаанд.
Нуфусшумории қаблӣ дар Тоҷикистон 10 сол пеш анҷом шуда, ҷамъи аҳолии ин кишварро 6 миллиону 127 ҳазор нафар баршумурда буд. Барӯйхатгирии имсола дар Тоҷикистон то 30 сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG