Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли талафоти бештари артиш дар дараи Камароб


Сокинони ноҳияи Рашти Тоҷикистон мегӯянд, роҳ ба дараи Камароб аз тарафи нерӯҳои ҳукуматӣ баста буда, мошинҳое, ки ба ин постгоҳ меоянд, барои кашондани захмиёни амалиёти ҳарбӣ дар ин дара истифода мешаванд. То ҳол мақомоти давлат дар бораи авзоъ дар ин ҷо иттилои расмие пахш накардаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузориҳои ДПА-и Олмон ва Интерфакси Русия гуфтааст, мошини ҳарбиён дар Камароб аз камингоҳе ҳадафи ҳамла қарор гирифта, дар даргириҳо ба камияш 5 сарбози нерӯҳои давлат ба ҳалокат расидаанд. Аммо сокинони деҳоти атрофи Камароб ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, талафоти нерӯҳои давлатӣ ба маротиб бештар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG