Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи Карочӣ баъд аз қатли Имрон Форуқ


Дар пайи дар Лондон кушта шудани як раҳбари ҳизби MQM, Ҷунбиши муттаҳидаи қавмии Покистон, кӯчаҳои Карочӣ, бузургтарин шаҳри ин кишвар холӣ шуда, бисёре аз дӯконҳову мактабҳо баста шуданд. Имрон Форуқ дар Лондон дар назди манзилаш бо зарби корд кушта шуд. MQM зидди Толибон буда, дар шаҳри Карочӣ ва вилояти Синд нуфузи зиёд дорад.
Форуқ аз соли 1992 дар Бритониё паноҳанда шуда, пулиси Покистон ӯро ба куштор ва дигар ҷиноёти сангин айбдор мекард.
Ҳанӯз касе дар робита ба қатли ӯ боздошт нашудааст.Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ қатли Форуқро маҳкум кард.
Қатли Ризо Ҳайдар, як узви парлумон аз ҳизби MQM дар моҳи гузашта мунҷар ба даргириҳои сиёсиву қавмие дар Карочӣ шуд, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт. Баъд аз қатли Имрон Форуқ пулиси Карочӣ ба ҳолати омодабош оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG